Интиқоди Ҷон Керри аз сиёсатҳои Трамп дар қиболи Эрон
(last modified Sat, 09 Jun 2018 12:27:23 GMT )
Июн 09, 2018 17:27 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Ҷон Керри аз сиёсатҳои Трамп дар қиболи Эрон

Вазири умури хориҷии пешини Амрико аз мавзеи раисҷумҳури ин кишвар дар қиболи Эрон интиқод кард.

Ҷон Керри, вазири умури хориҷии пешини Амрико дар гуфтугӯ бо як рӯзномаи швейтсарӣ бо интиқоди шадид аз хурӯҷи Вашингтон аз тавофуқи ҳастаӣ гуфт, давлати Трамп роҳкори ғайрисозанда ва худтахрибиеро дар пеш гирифтааст. Ҷон Керри дар бораи паёмадҳои хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ ҳушдор дода гуфт, иқдоми Трамп ба хурӯҷ аз БарҶОМ бузургтарин иштибоҳи роҳбурдӣ аз замони ҷанги Ироқ ва иштибоҳи муҳиме дар таърихи Амрикост, зеро бо ин тасмим Амрико мунзавӣ мешавад. Вазири умури хориҷии пешини Амрико бар лузуми пойбандии кишварҳои аврупоӣ ба БарҶОМ таъкид ва ибрози умедворӣ кард, Амрико низ бори дигар ба ин тавофуқ ва низ тавофуқи обуҳавоии Париж баргардад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳаштуми май бо иддаои ин ки БарҶОМ тавофуқи хубе нест ва монеи расидани Эрон ба силоҳи ҳастаӣ намешавад, ба таври якҷониба аз ин тавофуқ хориҷ шуд ва таҳримҳои ҷадидеро зидди Эрон эълом кард. Давлати Трамп чанд моҳи пеш низ аз тавофуқи обуҳавоии Париж хориҷ шуд.