Таъкид бар лузуми пойбандӣ ба БарҶом дар баёнияи поёнии СҲШ
Созмони Ҳамкории Шанхай дар баёнияи поёнии ҳаждаҳумин нишасти сарони худ дар Синдаои Чин пойбандии ҳамаи тарафҳо ба Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БарҶом )-ро хостор шуд.
Дар ин баёния таъкид шудааст, ҳамаи тарафҳо бояд ба вазоифашон дар қиболи ин тавофуқнома дар чорчӯби тазмини суботи ҷаҳонӣ ва минтақаӣ амал кунанд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар идомаи бадаҳдиҳои ин кишвар, хуруҷи Вашингтон аз Барномаи ҷомеи иқдоми муштаракро эълом кард. Аммо аз дидгоҳ маҳофили сиёсӣ ин иқдоми Трамп, ки поймолсозии қонунҳои байналмилалӣ аст, набояд боиси шикасти як тавофуқномаи байналмилалӣ шавад, ки ҳамаи аъзои доими Шӯрои амнияти Созмони Милал онро имзо кардаанд.
Дар ин миён Чин ва Русия, ки иддаои қудратмандӣ дар арсаи таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалиро доранд, масъулияти сангинтаре дар қиболи БарҶом доранд ва ҳифозат аз ин паймони байналмилалӣ ба масъалае ҳайсиятӣ барои онҳо табдил шудааст.
Ба эътиқоди бисёре аз маҳофили сиёсӣ БарҶом танҳо паймони байналмилалӣ аст, ки на танҳо кишварҳои аврупоӣ дар мавриди он иттифоқи назар доранд, балки Чин ва Русия низ онро имзо кардаанд ва ба унвони як санади муътабари байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ аст.
Аз ин рӯ ҳимояти Созмони Ҳамкории Шанхай аз БарҶом, ки дар баёнияи поёнии он таъкид шудааст, масъулияти Пекин ва Маскавро барои ҳифозат аз он ҳарчӣ бештар афзоиш медиҳад.
Дар ғайри ин сурат мумкин аст ин баёния хадшадор шавад, ки дар ниҳоят эътибори Созмони Ҳамкории Шанхайро зери суол хоҳад бурд.
Бруно Тертре, муовин ва муҳаққиқи аршади Бунёди таҳқиқоти стратегии Фаронса мегӯяд: “Тасмими Трамп ба хуруҷ аз БарҶом иштибоҳе бузург буд, ки ба эътибори Амрико латма зад. Ин тасмим ҳамла ба чандҷонибагароӣ ва ба зиёни мавҷудияти Иттиҳоди Аврупо ва дигар тарафҳои он аст ва онҳо бояд бо ҳимояти ҳаматарафа аз тавофуқи ҳастаӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз таъсири таҳримҳои Амрико бар ширкатҳои худ бикоҳанд”.
Аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ, муқобила бо якҷонибагароии Амрико бо интишори баёния ва суханронӣ имконпазир нест, балки ниёзманди иқдомоти амалӣ барои бархурд бо он аст. Иқдоми ҷанҷолии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар иҷлоси ҳафт кишвари санъатии мавсум ба “G -7” нишон медиҳад, ки агар кишварҳои бузург дар баробари зиёдахоҳиҳо ва ноҳинҷориҳои Трамп истодагӣ накунанд, вай беш аз пеш онҳоро таҳқир хоҳад кард.
Сиркон Канадаполи, коршиноси умури Чин дар муассисаи “Ҷавоҳирлаъл Неҳру”-и Ҳинд мегӯяд, кишварҳое назири Чин ва Ҳинд умдатан бо масоили муртабит бо энержӣ даст дар гиребон ҳастанд ва нақзи БарҶом аз сӯйи Амрико метавонад мушкилотеро барои онҳо дар таомул бо Эрон фароҳам кунад ва барои ҳамин ин кишварҳо мехоҳанд ба ҳар шакл аз тавофуқи ҳастаӣ пуштибонӣ кунанд.
Дар ҳар ҳол, ба ҳар мизон, ки кишварҳои имзокунандаи БарҶом битавонанд аз он дар баробари фишорҳои Амрико ҳимоят кунанд, на танҳо ба тақвияти мавқеияти ҷаҳонии худ кумак мекунанд, балки монеъ аз идомаи иқдомоти ҳақоратомези Доналд Трамп хоҳанд шуд, ки ба роҳатӣ зимни нақзи тааҳҳудоти байналмилалии Амрико, боиси беэътибор кардани паймонҳои байналмилалӣ шудааст.