Июн 11, 2018 21:06 Asia/Dushanbe
  • Русия: Террористҳо барои ҳамлаи химиявӣ ба Сурия омода мешаванд

Сухангуи Вазорати дифои Русия гуфт, террористҳо дар Сурия дар ҳоли тадорук барои ҳамлаи химиявӣ ба устони Дерулзур дар шарқи ин кишвар ҳастанд.

Игорь Конашенков гуфт: Террористҳои артиши озоди Сурия ба кумаки нерӯҳои иттилоотии Амрико дар ҳоли тарроҳии ҳамлаи химиявии ҷадиде бо истифода аз гази хлор дар устони Дерулзур ҳастанд, то баҳонаи тозае ба дасти эътилофи амрикоӣ барои ҳамла ба мавозеи давлати Сурия бидиҳанд.

Вай таъкид кард: Маскав монанди қабл, дар бораи чунин иқдомот ва тарҳҳое, ки боиси бесубот шудани авзоъ дар Сурия мешавад, ҳушдор медиҳад.

Амрико, Британия ва Фаронса 14 апрел бо дастовез қарор додани иддаои истифодаи артиши Сурия аз таслиҳоти химиявӣ дар Думаи Димишқ, бархе манотиқи ин кишварро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор доданд.

Русия чанд ҳафта пеш аз он ҳамла низ ҳушдор дода буд, ки бархе кишварҳои ғарбӣ дар назар доранд, бо саҳнасозии ҳамлаи химиявӣ, ба Сурия ҳамла кунанд.