Сахттар шудани раванди тақозои паноҳандагӣ дар Амрико
Июн 12, 2018 13:46 Asia/Dushanbe
Вазири додгустарии Амрико аз сахттар шудани раванди тақозои паноҳандагӣ дар ин кишвар хабар дод.
Ҷеф Сешенз, вазири додгустарии Амрико эълом кард, ин кишвар ба зудӣ раванди тақозои паноҳандагиро сахт мекунад, то мавҷи вуруди муҳоҷирон аз Амрикои марказӣ ба Иёлоти Муттаҳида маҳдуд шавад.
Бино бар эъломи вазири додгустарии Амрико, иддаоҳои қурбонии хушунати хонагӣ ва бондҳои ҷиноӣ будан барои дархости паноҳандагӣ дар постҳои марзӣ дигар кофӣ нестанд.