Сентябр 04, 2016 19:31 Asia/Dushanbe
  • Чаро Амрико дар панҷ сол 3.5 миллиард доллар ба Русия дод?

Рӯзномаи "Вашингтон пост" эълом кард, ки Созмони фазоии Амрико (НАСА) ба далели нотавонии рӯзафзуни ширкатҳои амрикоии ҳамкори худ барои эъзоми фазонавардон ба фазо, ҳар рӯз беш аз гузашта ба Русия вобаста мешавад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи "Алолам", рӯзномаи амрикоии "Вашингтон пост" навишт, пас аз шикасти барномаи "Шотли фазоӣ" (space shuttle) , ки ба манзури расонидани фазонавардон ба истгоҳи фазоии байналмилалӣ ва баргардонидани онҳо тарроҳӣ шуда буд, фазонавардони амрикоӣ тайи панҷ соли гузашта аз хадамоти фазопаймоии сарнишиндори русии "Союз" истифода мекунанд, ки ҳазинаи бисёр зиёде бар хазонаи Амрико таҳмил мекунад.

Барои намуна, ҳазинаи як сандалӣ дар ин фазопаймо 26.4 то 51 миллион доллар аст ва Вашингтон то кунун 3.4 миллиард доллар барои ин кор ҳазина кардааст. Тибқи муҳосибот, ду ширкати тиҷории "Spacex" ва "Boeing" наметавонанд амалиёти интиқоли фазонавардон аз хоки Амрико ба истгоҳи фазоии байналмилалиро дар ояндаи наздик иҷро кунанд. Ба навиштаи "Вашингтон пост", барномаҳои ин ду ширкат бо таъхир иҷро мешаванд. Ин рӯзнома хотирнишон кард, ки шикасти ширкати "Spacex" дар амалиёти партоби мушаки "Фалкон - 9" авзоъро бисёр печидатар кардааст.