Тавофуқи Афина ва Скопе бар сари номи Македония
(last modified 2018-06-13T11:25:30+00:00 )
Июн 13, 2018 16:25 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Афина ва Скопе бар сари номи Македония

Нахуствазири Юнон ва Македония саранҷом дар бораи ихтилофи таърихӣ бар сари номи Македония ба тавофуқ расиданд.  

Алексис Сипрас, нахуствазири Юнон ва ҳамтои македонияиаш Зоран Заев, пас аз 27 сол мушоҷира бар сари номи Македония, саранҷом дар як гуфтугӯи телефонӣ ба ихтилофи худ дар ин бора поён доданд.  

Расонаҳои Юнон ва Македония гузориш додаанд, ки номе, ки ду кишвар бар сари он тавофуқ кардаанд ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ аст.

Юнон ва Македония аз 27 сол пеш бар сари номи Македония ихтилоф доранд ва ҳамин ихтилоф монеи густариши равобити ду кишвар шудааст.

Мақомоти Афина борҳо таъкид кардаанд то замоне, ки ихтилофот бо Македония бар сари номи кунунии ин кишвар ҳал нашавад, ба мухолифатҳои худ бо узвияти Скопе дар НАТО идома хоҳанд дод.

 

 

Барчасп