Июн 15, 2018 17:28 Asia/Dushanbe
  • Иқомаи намози иди Фитр дар Масҷидулақсо ва навори марзии борикаи Ғазза

Ҳазорон Фаластинӣ дар миёни тадбирҳои шадиди амниятии режими саҳюнистӣ, намози иди Фитрро дар Масҷидулақсо ва урдугоҳҳои бозгашт дар борикаи Ғазза, иқома карданд.

Имрӯз (ҷумъа) дар бештари кишварҳои исломӣ иди саиди Фитр аст.

Дар маросими иқомаи намози иди Фитр дар марзи борикаи Ғазза, масъулони барҷастаи гурӯҳҳои муқовамати фаластинӣ аз ҷумла Исмоил Ҳания раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) ҳузур доштанд.

Фаластинён дар ин маросим бар идомаи "роҳпаймоии бузурги ҳақи бозгашт" таъкид карданд.

Халил ал-Ҳайя узви дафтари сиёсии Ҳамос дар ин маросим таъкид кард: Миллати Фаластин ба роҳпаймоии бозгашт то шикастани комили муҳосираи навори Ғазза идома хоҳанд дод.

Вазъияти борикаи Ғазза аз 30 марти 2018 бо оғози роҳпаймоии бозгашт буҳронӣ аст. Ба гунае, ки дар ин муддат беш аз 130 фаластинӣ бар асари тирандозии неруҳои режими саҳюнистӣ шаҳид ва беш аз 14 ҳазор шаҳрванди фаластинӣ низ захмӣ шуданд.

 

Барчасп