Июн 16, 2018 19:39 Asia/Dushanbe
  • Радди интиқоли сафорати Австралия аз Тел Авив ба Қудс

Вазири хориҷаи Австралия интиқоли сафорати ин кишварро аз Тел Авив ба Қудс, рад кард.

Ба гузориши Форс, Julie Bishopо элом кард, Австралия сафорати худро дар сарзаминҳои ишғолӣ ба Қудс мунтақил намекунад.

Бо вуҷуди он ки аъзои ҳизби ҳоким ва ҳизби Либерали Австралия аз давлати ин кишвар хостаанд, то маҳалли сафорати ин кишварро аз Тел Авив ба Қудс мунтақил кунад, вазири хориҷаи Австралия чунин иқдомеро аз сӯи конбинаро рад кард.

Ба навиштаи рӯзномаи Гордаин, давлати Австралия эълом кард, думболаравии Амрико дар интиқоли сафорати ин кишвар аз Тел Авив ба Қудс нахоҳад буд.

Давлати Амрико 14 майи 2018 сафорати худро дар сарзаминҳои ишғолӣ аз Тел Авив ба Байтулмуқаддас мунтақил кард, ки ин иқдом хилофи мавозини байналмилалӣ, эътирозоти густурдаи ҷаҳониро зидди Амрико дар пай дошт.

 

Барчасп