Таъсиси Идораи мубориза бо ҷиноёти қавмӣ дар полиси Маскав
(last modified Mon, 05 Sep 2016 05:05:50 GMT )
Сентябр 05, 2016 10:05 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси Идораи мубориза бо ҷиноёти қавмӣ дар полиси Маскав

Полиси шаҳри Маскав ду идораи вижаи мубориза бо ҷурму ҷинояти гурӯҳҳои қавмии Қафқоз ва Осиёи Марказиро ба таркиби сохтории худ изофа мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз сайти русии "Лента.ру", мақомоти полиси Маскав ҳадаф аз ин иқдомро шиносоии авомили муассир дар иртикоби ҷурми муҳоҷирони аҳли Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дар қаламрави Маскав унвон кардаанд.

Мақомоти полиси Русия мегӯянд, ки ҳаводиси мухталиф, аз ҷумла даргирии хунини қавмӣ дар гӯристони Хованскии Маскав дар моҳи майи имсол, ки дар он 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва теъдоди зиёде захмӣ шуданд, таъсиси идороти вижа барои муқобила бо ҷурму ҷиноёти қавмӣ дар пойтахти Русияро зарурат бахшидааст.

Ҳамчунин афзоиши ҷурму ҷиноёти созмонёфтае назири қочоқи маводи мухаддир, одамрабоӣ, зӯргӯӣ (рекетӣ) ва амсоли он аз сӯйи гурӯҳҳои қавмии сокини Русия иқтизо мекунад, ки теъдоди кормандон дар идороти мубориза бо ин падидаҳо афзоиш ёбад.