Беш аз як миллион кӯдак дар Афғонистон ба норасоии ғизоӣ мувоҷеҳанд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i3592-Беш_аз_як_миллион_кӯдак_дар_Афғонистон_ба_норасоии_ғизоӣ_мувоҷеҳанд
Беш аз як миллион кӯдаки афғон аз норасоии тағзия ранҷ мебаранд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 05, 2016 11:56 Asia/Dushanbe
  • Беш аз як миллион кӯдак дар Афғонистон ба норасоии ғизоӣ мувоҷеҳанд

Беш аз як миллион кӯдаки афғон аз норасоии тағзия ранҷ мебаранд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид бо интишори омор дар бораи вазъияти кӯдакони афғон эълом кард, норасоии ғизо дар миёни ин кӯдакон амре роиҷ ва бисёр нигаронкунанда аст.

Бар асоси ин гузориш, беш аз як миллион кӯдаки зери панҷ сол дар Афғонистон аз норасоии ғизо ранҷ мебаранд ва ҳамин амр муҷиб шудааст то кӯдакони афғон дар баробари бемориҳо бисёр осебпазир бошанд.

Аксари ин кӯдакон ба сабаби мубтало шудан ба бемориҳои қобили пешгирӣ ё саҳлдармоне чун исҳол ё синапаҳлӯ (сармохурдагии шуш) ҷон медиҳанд.

Ин гузориш ҳамчунин ҳокист, дар нимаи нахусти имсол 388 кӯдак дар даргирии нерӯҳои амниятии афғон бо афроди мусаллаҳ ва террористҳо кушта шудаанд.

Ҳамчунин имконоти беҳдошти мавҷуд дар Афғонистон танҳо 60 дарсад ҷамъият ин кишварро пӯшиш медиҳад.