Таъйини замони Девони байналмилалии кайфарӣ барои Миёнмор
Девони байналмилалии кайфарӣ (Гаага) бо судури баёния ва таъйини замони маҳдуд хостори он шуд, ки давлати Миёнмор ба иттиҳомот дар бораи ҷиноятҳои густурда алайҳи мусулмонони Руҳингиё ва овора кардани садҳо ҳазор нафар аз онҳо посух диҳад.
Ба гузориши ИРНА, додситони Девони байналмилалии кайфарӣ дар Гаагаи Нидерланд дар ин баёния рӯзи 27 июли 2018-ро охирин мӯҳлати қонунии давлати Миёнмор барои посухгӯӣ ба қозиҳои ин девон дар мавриди иттиҳомоти матраҳ алайҳи мардуми Руҳингиё эълом кард.
Фотоу Бенсоуда додситони Девони байналмилалии кайфарӣ (icc) дар моҳҳои ахир дар иқдоме бесобиқа аз қозиҳои ин додгоҳ хоста буд то муҷаввизи баррасии қазоии кӯчи иҷбории беш аз 800 ҳазор нафар аз оворагони руҳингиёӣ ба сӯи Бангладеш, содир шавад.
Пештар садҳо руҳингиёӣ, ки узве аз хонаводаи онҳо дар асари ҷиноёти ваҳшиёнаи артиши Миёнмор ҷон бохта ё худ қурбонии ин ҷиноятҳо шудаанд, аз Девони кайфарии байналмилалӣ дар Гаага хостаанд, то иҷоза диҳад, додситонҳои ин ниҳод дар бораи куштор ва ҳамчунин ихроҷи садҳо ҳазор мусулмони руҳингиёӣ аз Миёнмор ба Бангладеш таҳқиқ кунанд.
Дар ҳамлаҳои артиш ва буддоиёни ифротӣ аз 25 августи соли 2017 ба мусулмонони руҳингиё беш аз 300 русто дар устони Рохин дар ғарби Миёнмор ба оташ кашида ва бо хок яксон шудааст.
Созмони милал иқдомоти ҷиноятбори артиши Миёнморро поксозии нажодӣ эълом кард.
То кунун даҳҳо гӯри ҷамъӣ дар Миёнмор ба вижа дар иёлати Рохин маҳали аслии саркӯб ва куштори руҳингиёиҳо кашф шудааст.