Июн 24, 2018 11:18 Asia/Dushanbe
  • Ифтихори Трамп ба нақзи тавофуқҳои байналмилалӣ

Раиси ҷумҳурии Амрико иқдомоти ҷанҷолбарангезаш дар нақзи қонунҳо ва тавофуқҳои байналмилалӣ аз ҷумла БАРҶОМ-ро аз дастовардҳои муҳими худ донист.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Доналд Трамп дар суханрониаш дар иёлати Невада, бо ном бурдан аз иқдомоте, ки дар муддати раёсати ҷумҳуриаш анҷом дода, хуруҷ аз тавофуқи ҳастаӣ - БАРҶОМ, хуруҷ аз тавофуқи иқлимии Париж ва интиқоли сафорати Амрико ба Қудсро аз дастовардҳои давлати худ баршумурд.

Трамп бо ишора ба тавофуқи Амрико ва Кореяи Шимолӣ дар бораи халъи силоҳи ҳастаии Пхенян муддаӣ шуд, равобити хубе бо раҳбари Кореяи Шимолӣ дорад ва масири хуберо пеш мераванд.

Ин иддао дар ҳоле аст, ки Трамп рӯзи ҷумъа дар фармоне, Кореяи Шимолиро «таҳдиде ғайримаъмул ва фавқулодда» алайҳи Амрико хонд ва таҳримҳо алайҳи Пхенянро як соли дигар тамдид кард.

Раиси ҷумҳурии Амрико дар суханронии худ ҳамчунин зимни дифоъ аз ҷанги тиҷории Вашингтон алайҳи муттаҳидони худ муддаӣ шуд, Амрико соли гузашта ҳудуди 500 миллиард долларро дар тиҷорат бо Чин аз даст дод.

Трамп афзуд, Паймони тиҷорати озоди Амрикои Шимолӣ ҳам барои Амрико фоҷиа буда, зеро ин кишвар дар натиҷаи ин паймон солона сад миллиард долларро дар тиҷорат бо Мексика аз даст додааст.

Трамп дар ростои сиёсати якҷонибагароии худ, то кунун бо нақзи чанд тавофуқи байналмилалӣ аз ҷумла БАРҶОМ, эътирози ҷомеаи ҷаҳониро барангехтааст.