Шикояти 17 иёлати Амрико аз Трамп
(last modified Wed, 27 Jun 2018 03:50:20 GMT )
Июн 27, 2018 08:50 Asia/Dushanbe
  • Шикояти 17 иёлати Амрико аз Трамп

Дар пайи ҷудоии фарзандони муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз хонаводаҳояшон дар натиҷаи сиёсати муҳоҷиратии Доналд Трамп, 17 иёлати ин кишвар аз давлати Амрико шикоят карданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин иёлот, аз ҷумла Вашингтон, Ню-Йорк ва Калифорния дар шикояти худ аз давлат хостаанд, кӯдаконеро, ки пештар дар иҷрои сиёсати “таҳаммули сифр” аз волидайни худ ҷудо шудаанд, ба хонаводаҳояшон бозгардонанд.

Давлати Амрико бо иҷрои сиёсати “таҳаммули сифр”, тасмим гирифт бо ҳама муҳоҷирони ғайриқонунӣ бидуни истисно бархурди қонунӣ кунад ва дар натиҷаи ин сиёсат кӯдакони онҳо то замоне, ки таклифи волидайнашон мушаххас нашуд, аз онон ҷудо мешуданд.

Дар ҳафтаҳои ахир беш аз 2300 кӯдак бар асоси сиёсати зиддимуҳоҷиратии Доналд Трамп мавсум ба “таҳаммули сифр” аз хонаводаҳояшон дар марзҳои Амрико бо Мексика ҷудо шудаанд.

Рафтори ғайриинсонии давлати Амрико бо муҳоҷирон, ба вижа бо кӯдакони онон бо интиқоди густурда дар саросари ҷаҳон мувоҷеҳ шудааст.