Июн 28, 2018 16:16 Asia/Dushanbe
  • Дархости Амрико аз Шӯрои амнияти СММ барои таҳрими Эрон

Амрико аз 14 узви Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хост, таҳримҳоеро алайҳи Эрон эъмол кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Jonathan Cohen, муовини намояндаи Амрико дар Созмони Милал, аз аъзои Шӯрои амният хост ба далели ончи вай “рафтори шарурона”-и Эрон дар Ховари Миёна хонд, Теҳронро таҳрим кунанд.

Вай бо такрори иддаоҳои ҳамешагӣ ва беасоси Амрико алайҳи Ҷумҳурии исломӣ, бори дигар Эронро муттаҳам кард, ки мушак дар ихтиёри ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман қарор медиҳад ва таҳримҳои байналмилалӣ дар бораи силоҳро нодида мегирад.

Иддаоҳои муовини намояндаи Амрико дар Созмони Милал дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ин созмон бо вуҷуди фишорҳои шадиди Вашингтон, ахиран иддаои нақзи қатъномаҳои Шӯрои амният аз сӯи Эрон дар ирсоли ончи силоҳ ба Яман хонда шудааст, рад кард.

Ҳамчунин дар мавзӯи барномаҳои ҳастаии Эрон, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар 24 май барои ёздаҳуминбор таъйид кард, Ҷумҳурии исломӣ ба тааҳҳудоти худ бар асоси БАРҶОМ пойбанд будааст.

 

Барчасп