Гирдиҳамоии модарони рабудашудагони яманӣ дар Адан
Шуморе аз модарони афроди рабудашуда бо гирдиҳамоӣ дар шаҳри Адан дар ҷануби Яман, шиканҷагарии ваҳшиёна дар зиндонҳои сиррии зери назари Аморотро маҳкум карданд.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, шабакаи Алҷазира эълом кард, аъзои анҷумани модарони рабудашудагон дар Яман дар таҷаммӯи эътирозии худ дар баробари кохи Алмаошиқ дар Адан, маҳали иқомати Абдирабеҳ Мансур Ҳодӣ нахуствазири дастнишондаи Саудӣ дар Яман, озодии боздоштшудагон ва нопадидшудагонро хостор шуданд.
Мӯътаризон, шиканҷаи ваҳшиёнаи боздоштшудагон ва нопадидшудагон ва низ нақзи ҳуқуқ ва каромати онҳо дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои сиррии вобаста ба Аморот дар шаҳри Аднро маҳкум карданд.
Ҳамчунин созмони ҳуқуқи башари Алмарсад дар гузорише ҷадид аз авзои сахти садҳо зиндонӣ дар зиндонҳои таҳти мудирияти Аморот ё тарафдорони Аморот дар Яман хабар дод ва эълом кард, боздоштшудагон шиканҷа мешаванд ва мавриди озори ҷинсӣ қарор мегиранд.
Пештар Ассошиэйтедпресс дар гузорише аз вуҷуди 18 зиндони махфӣ дар ҷануби Яман хабар дода ва эълом карда буд, ҳудуди ду ҳазор яманӣ дар ин зиндонҳо дар маърази шадидтарин шиканҷаҳо қарор доранд, ки намунаи он бастани зиндониён ба милае аст, ки рӯйи оташ қарор дорад.
Бахшҳои ҷанубии Яман пас аз хориҷ шудани неруҳои яманӣ ба ишғоли неруҳои этилофи Саудӣ ва ҳамчунин гурӯҳҳои террористии монанди Алқоида даромад ва неруҳои аморотӣ ва арабистонӣ дар ин манотиқ ҳузур доранд.