Трамп: Подшоҳи Арабистон бо афзоиши тавлиди нафт мувофиқат кард
Раиси ҷумҳурии Амрико аз ройзании худ бо подшоҳи Арабистони Саудӣ барои афзоиши мизони тавлиди нафт хабар дод, аммо хабаргузории расмии Саудӣ ин хабарро таъйид накардааст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Доналд Трамп дар Твиттери худ аз мувофиқати Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ бо дархости вай барои афзоиши мизони тавлиди нафт то ҳудуди ду миллион бушка хабар дод.
Раиси ҷумҳурии Амрико «эҷоди ошуб ва ихтилол дар Эрон ва Венесуэла»-ро далели лузуми афзоиши мизони тавлиди нафти Арабистони Саудӣ эълом кардааст.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории расмии Арабистон дар вокуниш ба суханони Трамп эълом кард, Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи ин кишвар ва Доналд Трамп, дар гуфтугӯии телефонӣ бар зарурати бакоргирии талошҳо барои ҳифзи суботи бозорҳои нафт ва тавсиаи иқтисоди байналмилал ва талошҳое, ки кишварҳои тавлидкунандаи нафт барои ҷуброни ҳар гуна камбуди эҳтимолии нафт доранд, таъкид карданд.
Дар ҳоле Доналд Трамп муддаии мувофиқати Малик Салмон бо афзоиши тавлиди нафт аст, ки Арабистон дар нишасти ахири Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) дар бораи риояти сақфи таъйиншуда тавассути ин созмон, мувофиқат кард.