Июл 01, 2018 10:21 Asia/Dushanbe
  • Путин ба падарбузурги раиси ҷумҳури Туркманистон нишони

Тибқи фармони раиси ҷумҳури Русия, ба падарбузурги Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳури Туркманистон нишони низомии "Диловарӣ" дода шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, нишони "Диловарӣ" ба Бердимуҳаммад Анаев ба далели мардонагӣ, шуҷоат ва диловарӣ дар замони дифоъ аз миҳан дар солҳои ҷанг эъто шудааст.

Вай ба унвони як миҳанпараст, дар солҳои 1941 ва 1945 дар ҷабҳа бо мардонагӣ ҷангид ва зиндагиаш барои насли ҷавони Туркманистон намунаи миҳанпарастӣ, ҳадафдорӣ, масъулият ва вафодорӣ аст.

Раиси ҷумҳури Туркманистон дар иваз барои додани ин нишони олӣ ба Бердимуҳаммад Анаев аз Путин қадрдонӣ кард ва гуфт: Ин нишон намунаи эҳтиром ба ҳаммиҳанони мо ва низомиёни диловар ва аз ҷонгузаштааст.

Раиси ҷумҳури Туркманистон изҳор дошт: Ин нишонро ба унвони намоди ҳамкорӣ дар ҳифзи сулҳу субот дар минтақа ва ҳамчунин мазҳари таҳкими равобити Туркманистон ва Русия арзёбӣ мекунем.