Июл 01, 2018 12:09 Asia/Dushanbe
  • Фармони Путин барои мубориза бо фасоди молӣ

Русия бо иҷрои тарҳи мубориза бо фасоди молӣ то соли 2020 бо буҳрони фасод ва ришва дар ин кишвар мубориза мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин рӯзи шанбе ин тарҳро таъйид кард, то ҷанбаи иҷроӣ ба худ бигирад.

Раиси ҷумҳурии Русия ҳамчунин аз корфармоёни рус даъват кард то пешниҳодҳои худро барои муҳофизат аз онҳо дар баробари парвандаҳои кайфарӣ ва боздошҳои беасоси афрод бо таваҷҷуҳ ба оғоз ин тарҳ эълом кунанд.

Бар асоси дастури Путин давлат, додситонии кул ва додгоҳи олии Русия феҳристи амволи мақомҳои давлатии гумонбар ба фасоди молиро ҷилавгирӣ мекунанд. Ин афрод касоне ҳастанд, ки натавониста бошанд хариди амволи худро бо даромади қонунӣ собит кунанд.

Додситонии кулии Русия сипас имкони пайгарди қонунии ин афрод ва ашхоси хориҷиро дар сурати исботи кумак ва ҳамдастии онҳо ба фасоди молӣ дар Русия хоҳад дошт.

Ҳамчунин додситонии кулли Русия ба ҳамроҳи вазорати кишвар созмони амнияти федорол, созмони гумруки Русия ва созмони иҷроии аҳкоми додгоҳӣ муваззаф шудаанд, ки имкони ҳар гуна сӯиистифода аз мақоми худро аз байн бибаранд.

 

Барчасп