Июл 02, 2018 14:19 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Сандуқи Байналмилалии Пул аз коҳиши нақши доллар

Сандуқи Байналмилалии Пул аз коҳиши нақши доллар дар захоири арзии кишварҳои мухталифи ҷаҳон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Сандуқи Байналмилалии Пул дар гузорише эълом кард, саҳми доллар дар захоири арзии кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар се моҳи нахусти 2018 коҳиш ёфтааст ва кишварҳо ба евро, юан ва фунт стерлинг гароиши бештаре пайдо кардаанд. Бар асоси ин гузориш, ҷойгоҳи доллар дар захоири арзии кишварҳо барои панҷумин семоҳаи пай дар пай заиф шуда ва дар чаҳор соли ахир ба поинтарин ҳад расидааст.

Гузориши кишварҳо ба Сандуқи Байналмилалии Пул дар бораи захоири арзии худ нишон медиҳад, дар се моҳи нахусти 2018 доллар шашуним триллион ва ба иборати дигар 62 дарсад захоири арзии дунёро ба худ ихтисос додааст. Тибқи омори Сандуқи Байналмилалии Пул, евро баъд аз доллар қарор дорад  ва саҳми ин воҳиди пули муштараки Иттиҳоди Аврупо аз захоири арзии кишварҳо ба 20 дарсад расидааст.

Иқдомот ва сиёсатҳои якҷонбаи Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, аз ҷумла хурӯҷ аз тавофуқҳои иқтисодӣ бо вокуниши манфии ҷаҳонӣ мувоҷиҳ шудааст.