Ифшои таҷовуз ва хушунатҳои ҷинсӣ дар парвозҳои хутути ҳавоии Амрико
(last modified 2018-07-02T14:52:54+00:00 )
Июл 02, 2018 19:52 Asia/Dushanbe
  • Ифшои таҷовуз ва хушунатҳои ҷинсӣ дар парвозҳои хутути ҳавоии Амрико

Дэвид Рудски яке аз нерӯҳои вижаи полиси федерали Амрико FBI гуфт: Озору азиятҳои ҷинсӣ дар парвозҳои хутути ҳавоии Амрико, то сатҳи ҳушдордиҳандае афзоиш ёфтааст.  

Ба гузориши Эн Би Си Ниюз, вай гуфт: FBI порсол 63 гузориши марбут ба тааррузи ҷинсӣ дар дохили ҳавопаймоҳоро баррасӣ кард ва ин баррасӣ нишон дод, ин рақам бо 66 дарсад афзоиш дар муқоиса бо соли 2014, ки 38 маврид гузориш шуда буд, ҳамроҳ будааст.  

Ба гуфтаи Рудски, дар охирин намунаи ин гузоришҳо омадааст, ки ҳафтаи гузашта писари Чарли Бейкер, фармондори Масачосет ба озори ҷинсии як зани мусофир дар тӯли парвози ҳавопаймои Ҷет Блу аз Вашингтон ба Бостон муттаҳам шудааст.

Полис дар ҳоли ҳозир машғули баррасии ин парванда аст ва писари фармондор ҳам ба таври мукаррар ин иттиҳомотро такзиб мекунад.

 

 

Барчасп