Июл 05, 2018 18:36 Asia/Dushanbe
  • Зарбу шатми занони фаластинӣ аз сӯи низомиёни режими саҳюнистӣ

Низомиёни режими саҳюнистӣ дар даргирӣ бо занони фаластинии рустои Хон Алаҳмар дар шарқи Қудс, онҳоро мавриди Зарбу шатм қарор доданд ва ҳиҷоби онҳоро аз сарашон бардоштанд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ бо эҷоди раъбу ваҳшат бо се булдозер дарсадди тахриби манозили сокинони рустои Хон Алаҳмар буданд, ки фаластиниҳо монеъ аз убури ин булдозерҳо шуданд.

Ишғолгарон пас аз даргирӣ бо шаҳрвандони фаластинӣ, чанд тан аз занони ин русторо боздошт карданд.

Ҳилоли Аҳмари Фаластин эълом кард: Дар ин даргирӣ 35 фаластинӣ захмӣ шуданд.

Исроил дар майи 2018, дастури тахриби рустои стратегии Хон Алаҳмар бо 181 саканаро содир кардааст.

 

Барчасп