Июл 06, 2018 20:07 Asia/Dushanbe
  •  Маскав: Ҳузури низомии Амрико дар Сурия монеи нобудии ДИИШ аст

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия эълом кард, ҳузури низомии неруҳои амрикоӣ дар Аттанфи Сурия, монеи нобудии ДИИШ мешавад.

Ба гузориши Раъюлявм, Мария Захарова, таъкид кард маъмурияти нобудии терроризм дар Сурия ба далели ҳузури низомии ғайриқонунӣ ва бидуни тавҷеҳи Амрико дар минтақаи Аттанф, душвор шудааст.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия тасреҳ кард, дар воқеъ ин минтақа паноҳгоҳе барои аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ шуда ва ба неруҳои сурӣ иҷозаи вуруд ба ин минтақаи густурда дода намешавад.

Башор Алҷаъфарӣ, намояндаи доими Сурия дар Созмони милали муттаҳид низ ахиран ва бори дигар дар бораи авзои Ховари Миёна, аз Амрико ба далели ҳимояти таслиҳотӣ ва молӣ аз аносири ДИИШ ва омӯзиши онҳо интиқод кард.

Асноди кашфшудаи фаровоне дар манотиқи озодшуда аз тасарруфи террористҳо дар Сурия нишон медиҳанд, ки Амрико ҳамчунон дар ҳоли ҳимояти ҳамаҷониба аз онҳо аст.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Амрико, Арабистон ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд.

 

Барчасп