Июл 07, 2018 11:11 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми ҷавобии Русия дар ҷанги тиҷорӣ бо Амрико

Русия аз рӯзи ҷумъа ҷиҳати муқобила бо таърифаҳои Амрико бар фӯлод ва алюминиюми содиротии ин кишвар, ба бархе аз маҳсулоти амрикоӣ нархномаи нав тартиб дод.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, бар асоси бахшномаҳое, ки Димитрий Медведев, нахуствазири Русия онро имзо карда, таърифаҳои 25 то 40 дарсадӣ бар колоҳои амрикоӣ, ки мушобеҳи он дар Русия сохта мешавад, ҷорӣ шудааст.

Бархе мошинҳои сангини роҳсозӣ, таҷҳизоти вижаи истихроҷи нафту газ ва абзори пардозиши металҳо ва васоили ҳаффорӣ аз ҷумлаи колоҳое ҳастанд, ки шомили таърифаҳои ҷадид мешаванд.

Максим Орешкин, вазири тавсеаи иқтисодии Русия низ дар ин бора гуфтааст, мизони таърифаҳое, ки Русия бар колоҳои Амрико дар ин марҳала ҷорӣ мекунад, ба 87.6 миллион доллар дар сол мерасад.

Амрико моҳи гузашта таърифаҳои 25 ва 10 дарсадӣ бар маҳсулоти фӯлод ва алюминиюми воридотӣ ҷорӣ кард.

Ин нархномаҳо шомили чандин кишвар, аз ҷумла Русия, Ҳинд, Чин, Канада ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳамзамон бо оғози эъмоли таърифаи 25 дарсадии Амрико бар рӯйи 34 миллиард доллар аз колоҳои чинӣ, Пекин низ рӯзи ҷумъа таърифаи мушобеҳе бар колоҳои амрикоӣ ҷорӣ кард.

Чин, ки пештар гуфта буд, оғозгари ин ҷанг нахоҳад буд, дар тақобул бо Амрико 34 миллиард доллар таърифаи 25 дарсадӣ рӯйи колоҳои воридотӣ аз ин кишвар эъмол кард. Яъне дақиқан ҳамон маблағе, ки Амрико эъмол карда буд.