Июл 08, 2018 13:54 Asia/Dushanbe
  • Нобудии пойгоҳи аслии ДИИШ дар вилояти Нангарҳор

Неруҳои артиши Афғонистон дар амалиёте зидди мавозеи гурӯҳи террористии ДИИШ дар вилояти Нангарҳор, пойгоҳи аслии ин гурӯҳро дар ин вилоят нобуд карданд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, дар амалиёти неруҳои артиш ва амниятии Афғонистон зидди мавозеи гурӯҳи террористии ДИИШ дар минтақаи Гургурӣ дар шаҳристони Деҳболои вилояти Нангарҳор зимни нобудии пойгоҳи аслии ин гурӯҳ , 167 нафар аз террористҳоро низ ба ҳалокат расонданд.

Бештари куштаҳои ДИИШ хориҷӣ ҳастанд.

Дар ин амалиёт 9 ғор дар кӯҳ, панҷ тунел, ки гурӯҳи террористии ДИИШ ба унвони махфигоҳ аз он истифода мекард ва чанд анбори аслиҳа нобуд шуд.

Минтақаи Гургурӣ як минтақаи муҳим барои гурӯҳи ДИИШ буд ва кумакҳои молӣ ва пуштибониро барои ин гурӯҳ фароҳам мекард.

 

Барчасп