Июл 08, 2018 16:41 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 22 миллион долларии Чин ба Узбакистон

Чин дар ростои ҳамкориҳои амниятӣ бо давлати Тошканд ба Вазорати кишвари Узбакистон 22 миллион доллар кумаки молӣ кард.  

Чин барои сохти маркази вижаи скан барои Вазорати кишвари Узбакистон ба ин кишвар 22 миллион доллар ихтисос дод.

Ин кумаки молӣ дар чорчуби сафари Пулот Бобоҷонов, вазири кишвари Узбакистон ба Чин ихтисос дода шудааст.

Ин марказ бо фанновариҳои рӯз монанди фанновариҳои рӯзи мавҷуд дар донишгоҳи полиси Пекин муҷаҳҳаз хоҳад шуд.