Июл 09, 2018 17:13 Asia/Dushanbe
  • Талоши Амрико барои афзоиши фурӯши нафт ба Ҳинд

Расонаҳои ҳиндӣ аз талоши ширкатҳои амрикоӣ барои афзоиши содироти нафт ба Ҳинд хабар доданд.  

Сенди Филден, мудири таҳқиқот барои колоҳо ва энержӣ дар ширкати Мурнинг Стари шохаи Ҳинд бо ишора ба эъмоли тарифаҳои гумрукӣ бар воридоти фулод ба ҷанги тиҷории Амрико бо Иттиҳодияи Аврупо ва Чин навишт: Агар Пекин тарифаи гумрукӣ бар воридоти нафти Амрико вазъ кунад, полоишгоҳҳои Чин нафти Амрикоро харидорӣ нахоҳанд кард, зеро ҳазинаҳои онҳо афзоиш хоҳад ёфт.

Вай афзуд, яке аз гузинаҳои бозори фурӯши нафти Вашингтон Ҳинд аст, ки дар солҳои ахир хариди нафти худро аз Амрико афзоиш додааст.

Дар май полоишгоҳҳои ҳиндӣ 4.7 миллион бушка нафти хом аз Амрико ворид карданд, ки ин миқдор 9 баробар бештар аз апрели 2018 ва бештарин ҳаҷми нафти воридотӣ аз Амрико аз 2015 токунун аст.

 

Барчасп