Июл 09, 2018 21:28 Asia/Dushanbe
  • Фаронса Трампро ба вокунише сарсахтона аз сӯи Аврупо таҳдид кард

Фаронса дар сурати идомаи фишорҳои тарифаӣ аз сӯи Вашингтон, Амрикоро ба вокунише муттаҳид аз сӯи кишварҳои аврупоӣ таҳдид кард.

Давлати Фаронса таъкид кард, ки Вашингтон ба талофии афзоиши тарифа аз сӯи Амрико, пас аз эъломи омодагии Олмон барои музокира, бояд омодаи вокунише талофиҷуёна аз сӯи кишварҳои муттаҳиди аврупоӣ бошад.

Ангела Меркел, панҷшанбеи гузашта ва пас аз онки саноеи худравсозии Олмон бо вазъи тарифаҳои бештар аз сӯи Амрико таҳдид шуданд, эълом кард, ки аз коҳиши молиёти Иттиҳодияи аврупо бар худруҳои воридотӣ аз Амрико ҳимоят мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Брону Лемер, вазири дороии Фаронса бархилофи Меркел гуфт: Агар фардо афзоише дар тарифаҳо сурат гирад, ҳамонанди саноеи худравсозӣ, вокуниши мо бояд муттаҳид ва қавӣ бошад то нишон диҳем, Аврупо як қудрати муқтадиру муттаҳид аст.

Вай, ки дар як конфаронси иқтисодӣ дар ҷануби Фаронса ширкат карда буд, гуфт: Дигар савол вуҷуд ё адами вуҷуди ҷанги тиҷорӣ нест, балки ҷанг акнун шуруъ шудааст.