Июл 11, 2018 19:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳазинаи сангини Ҳинд барои ҳифзи равобит бо Амрико

Як муассисаи муътабари пажуҳишии Ҳинд дар гузорише эълом кард, Ҳинд барои ҳифзи равобит бо Амрико баҳои сангине мепардозад.

Муассисаи ҳиндии УРФ дар торнамои худ навишт, ҳарчи равобити Деҳлии Нав ва Вашингтон наздиктар шавад, Ҳинд бояд баҳои сангинтаре бипардозад.

Нависандаи ин муассисаи муътабари пажуҳишӣ бо ишора ба ду тақозоии муҳими Амрико аз Ҳинд барои қатъи робита бо Теҳрон ва Маскав гуфт, пайравии Деҳлии Нав аз сиёсатҳои Вашингтон дар ҳар сатҳе ба манзилаи чашмпушӣ аз манофеи сиёсӣ ва ҷуғрофиёии худ аст.

Фишори Амрико бар Ҳинд барои таваққуфи воридоти нафт аз Эрон ва лағви хариди сомонаи С400 аз Русия аст.

 

Барчасп