Парвози балони тамасхуромези Трамп дар фазои Лондон
Мухолифони сафари раиси ҷумҳурии Амрико ба Биритониё балони ғулпайкаре аз Доналд Трампро, ки телефони ҳамроҳ ба даст ва монанди навзодон пушак дорад, ба осмон фиристоданд.
Ба гузориши торнамои Индепендент, ҳамзамон бо ҳузури Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар Лондон, теъдоди зиёде аз мухолифони сиёсатҳои вай ба хиёбонҳо омаданд ва тазоҳурот карданд.
Ин ҳаракати эътирозӣ бо мувофиқати Содиқхон шаҳрдори Лондон ва дар миёни тадбириҳои шадиди амниятӣ баргузор шуд.
Содиқхон шаҳрдори Лондон гуфт: Агар тазоҳурот мусолиматомез баргузор шавад, муътаризон ҳақ доранд иброз назар кунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки Трамп, шаҳрдори Лондонро фарди бекифоят ва дар изҳороти иддаоии худ, ӯро масъули афзоиши ҳамлаҳои террористӣ дар ин шаҳр медонад.
Раиси ҷумҳурии Амрико баъд аз зуҳри панҷшанбе барои анҷоми сафари корӣ дар миёни тадбирҳои шадиди амниятӣ вориди Бритониё шуд.
Мухолифони Тарамп қарор аст асри ҷумъа дар як ҳаракати эътирозии густурда дар муқобили бинои ВВС таҷаммӯъ ва ба самти майдони машҳури Трафалгар тазоҳурот кунанд.
Ҳамзамон дар беш аз 60 шаҳри дигар дар Бритониё қарор аст тазоҳуроти зидди Трамп баргузор шавад.