Эъломи ҳузури Тарамп дар интихоботи 2020
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36633-Эъломи_ҳузури_Тарамп_дар_интихоботи_2020
Доналд Трамп аз тасмими худ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020 хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 15, 2018 06:54 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳузури Тарамп дар интихоботи 2020

Доналд Трамп аз тасмими худ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020 хабар дод.

Ба гузориши Рейтер, раиси ҷумҳурии Амрико бидуни таваҷҷуҳ ба норизоятии рӯзафзун мардуми ин кишвар аз вай, гуфт, ки қасд дорад дар интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 2020 ширкат кунад.

Трамп муддаӣ шуд: Касеро намешиносам, ки битавонад манро дар ин интихобот шикаст диҳад; Ман ҳама онҳоро мешиносам ва касе аз онҳо рақиби ман нест.

Ин изҳороти Трамп дар ҳоле аст, ки фармонҳо, изҳорот, иқдомот ва рафторҳои ҷанҷолӣ ва дар бисёр маворидҳо беадабонаи Трамп, боис шудааст, ки бисёре аз мардум ва сиёсатмадорон Амрико, вайро шоистаи мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар надонанд.

Бар асоси ҷадидтарин назарсанҷие, ки донишгоҳи Квиннипэки Амрико анҷом додааст, 66 дарсади мардуми Амрико мухолифи сиёсатҳои Трамп ҳастанд.