Гурӯҳи 7 ва такрори иддаои дахолати Русия дар сониҳаи ҳавопаймои Малайзия
Июл 16, 2018 15:25 Asia/Dushanbe
Вазирони хориҷаи кишварҳои узви гурӯҳи иқтисодии 7 эълом карданд, Русия бояд ба хотири нақш дар суқути ҳавопаймои малайзияӣ дар Украина, посухгу бошад.
Ин баёния дар остонаи нишасти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Владимир Путин, ки қарор аст, имрӯз дар Ҳелсинки, пойтахти Финляндия баргузор шавад, содир шудааст.
Дар ин баёния бо ишора ба солгарди сониҳаи ҳавопаймои мусофирбарии Малайзия дар Украина, ки ба кушта шудани 298 нафар анҷомид, иддао шуда, ки таҳқиқоти муштарак дар бораи ин сониҳа, ки 17 июли 2014 иттифоқ афтод, ёфтаҳои чашмгире дар мавриди нақши Русия дар он доштааст.