Дидори Путин ва Трамп дар Хелсинки
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36676-Дидори_Путин_ва_Трамп_дар_Хелсинки
Руасои ҷумҳури Русия ва Амрико дар дидори худ дар Хелсинки бар лузуми ҳамкории ду кишвар дар бораи масоили мухталиф таъкид карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 16, 2018 20:06 Asia/Dushanbe
  • Дидори Путин ва Трамп дар Хелсинки

Руасои ҷумҳури Русия ва Амрико дар дидори худ дар Хелсинки бар лузуми ҳамкории ду кишвар дар бораи масоили мухталиф таъкид карданд.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар оғози дидор гуфт: Ҳамакунун замони он аст, ки бо ҷузъиёти бештар дар бораи равобити дуҷониба бо Амрико гуфтугӯ кунем.

Путин афзуд, Амрико ва Русия ду қудрати бузурги ҷаҳонӣ ҳастанд, ки 90 дарсад аз силоҳҳои атомии ҷаҳон дар ихтиёри ин ду кишвар аст ва ин аслан хуб нест ва бояд дар он таҷдиди назар шавад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико низ бо ишора ба тирагии равобити Маскав ва Вашингтон таи солҳои ахир гуфт: Ҷаҳон ба гуфтугӯҳои шахсии мо чашм духтааст, ба ҳамин далел бояд равобити беҳтаре бо ҳамдигар дошта бошем.

Раисҷумҳури Амрико афзуд: Ҳамаи масоил аз ҷумла парвандаҳои тиҷорӣ, ҳастаӣ ва равобити сиёсиро баррасӣ хоҳем кард.

Трамп баргузории муваффақиятомези рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии футболи 2018-ро ба Русия табрик гуфт.

Расонаҳо гузориш доданд, ки Путин дар иқдоме маънидор, ҳамтои амрикоиашро барои шуруи дидор, як соат мунтазир гузоштааст.  

Раисҷумҳури Амрико ибрози умедворӣ кард, ба равобити фавқулодае бо Путин бирасад.  

Трамп ва Путин пас аз ин суханон, барои баргузории нишасти дуҷонибаи аслӣ пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури хабарнигорон, ба салони дигаре рафтанд.  

Ин севумин дидори Трамп бо Путин аз замони ба қудрат расидан дар январи 2016 аст.

Ду дидори қаблии дутараф, дар ҳошияи конфронсҳои ҷаҳонӣ будааст.