Паймони тағйири номи Македония имзо шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36699-Паймони_тағйири_номи_Македония_имзо_шуд
Юнон ва Македония саранҷом ба се даҳа ихтилоф поён доданд ва нахуствазирони ду кишвар тавофуқи тағйири номи Македонияро имзо карданд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 17, 2018 19:58 Asia/Dushanbe
  • Паймони тағйири номи Македония имзо шуд

Юнон ва Македония саранҷом ба се даҳа ихтилоф поён доданд ва нахуствазирони ду кишвар тавофуқи тағйири номи Македонияро имзо карданд.  

Алексис Сипрос, нахуствазири Юнон ва Зоран Заев, нахуствазири Македония бо вуҷуди эътирози густардаи мухолифони миллигаро дар ҳар ду сӯ, тавофуқеро имзо карданд, то бар асоси он Македония, ки токунун ҷумҳурии Македония шинохта мешуд, ба ҷумҳурии Македонияи шимолӣ тағйири ном диҳад.  

Ин тавофуқ, ки дар ҳузури намояндагоне аз Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони милал имзо шуд, акнун бояд ба тасвиби парлумонҳои ҳар ду кишвар бирасад ва дар ҳамапурсии Македония низ раъй биоварад.  

Бо ин тавофуқ, роҳ барои узвияти Македония дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ҳамвор шуд.

Илова бар мухолифати миллигароён дар ҳар ду кишвар, раисҷумҳури Македония низ эълом кардааст, ки аз иҷрои ин паймон ҷилавгирӣ хоҳад кард.