Июл 18, 2018 12:18 Asia/Dushanbe
  • Натанёҳу: Трампро мутақоид ба хурӯҷ аз БарҶом кардам

Нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт, вай омили мутақоид шудани Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ба хурӯҷ аз БарҶом будааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Бенёмин Натанёҳу дар нишасти хусусии ҳизби Лекуд (ҳизби ҳокими режими саҳюнистӣ) хотирнишон кард, вай Амрикоро мутақоид кард то дар баробари ҳаҷмаи ҳамаи ҷаҳон биистад ва аз БарҶом хориҷ шавад.

Доналд Трамп сешанбеи 8-уми май бо такрори иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон, хурӯҷи Вашингтон аз БарҶом ва бозгашти таҳримҳои ҳастаӣ зарфи муддати се то 6 моҳи ояндаро эълом кард.

 

Барчасп