Июл 18, 2018 19:20 Asia/Dushanbe
  • Сабти 10 мероси мустанади Эрон дар ҳофизаи ҷаҳонии ЮНЕСКО

Узви кумитаи милли ҳофизаи ҷаҳонии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии милали муттаҳид (ЮНЕСКО) гуфт: 10 мероси мустанад аз Эрон то поёни 2017 дар феҳристи байналмилалӣ ҳофизаи ҷаҳонии ЮНЕСКО ба сабт расидааст.  

Савсан Асилӣ дар нахустин коргоҳи омӯзишии ҳофизаи ҷаҳонии ЮНЕСКО дар Ҳамадони Эрон изҳор кард: Шоҳнома, маҷмуаи асноди ташкилоти идории давраи Сафавияи Остони Қудси Разавӣ, Хамсаи низомӣ ва маҷмуаи баргузидаи нақшаҳои давраи Қоҷор аз ҷумлаи мероси мустанади Эрон ҳастанд, ки дар ҳофизаи ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шудаанд.  

Асилӣ афзуд: Мероси мустанаде, ки дар ҳофизаи ҷаҳонӣ сабт мешаванд, илова бар қобили дастрасӣ барои тамоми мардуми ҷаҳон, беҳтарин роҳ барои муаррифии таърих ва тамаддуни башарӣ ба ҷаҳониён ҳастанд.

 

Барчасп