Июл 20, 2018 20:22 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти густурдаи баҳрайниҳо дар ҳамбастагӣ бо шайх Исо Қосим

Манобеи баҳрайнӣ аз тазоҳуроти густурдаи мардумӣ дар Манома (пойтахти Баҳрайн) дар ҳамбастагӣ бо шайх Исо Қосим хабар доданд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи хабаргузории Тасним ба нақл аз манобеи баҳрайнӣ, ширкаткунандагон дар тазоҳуроти густурда дар Манома бар ҳимояти комил ва ҳамбастагӣ бо ин олими барҷастаи баҳрайнӣ, ки ҳамакнун таҳти табобат қарор дорад, таъкид карданд.

Мардуми Баҳрайн ҳамчунин бар ҳимояти худ аз муборизоне, ки дар зиндонҳои Оли Халифа ба сар мебаранд, таъкид карданд.

Шайх Исо Қосим, раҳбари барҷастаи шиъаёни Баҳрайн, пас аз 2 сол муҳосира тавассути неруҳои амниятии режими Оли Халифа, билохира 9 июл, барои дармон вориди Лондон шуд ва билофосила дар бемористон таҳти табобат қарор гирифт.

То кунун ҷузъиёти бештаре дар бораи барномаи сафари ин рӯҳонии барҷастаи баҳрайнӣ ироа нашудааст.

Баҳрайн аз 14 феврал 2011 шоҳиди инқилоби мардумӣ зидди режими Оли Халифа аст; режими Оли Халифа барои саркӯби эътирозҳои мардумии ин кишвар, шумори зиёде аз раҳбарони мухолифро боздошт ва бо парвандасозӣ ба зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум кардааст.

 

Барчасп