Июл 23, 2018 09:42 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи аҷиб барои шаҳрванди алҷазоирӣ дар Швейдсария

Шаҳрванди алҷазоирии муқими Швейдсария ба далели пурсидани як савол аз хатиби Масҷидулҳаром ҳангоми ҳузури ӯ дар Женева, аз рафтан ба масҷиди бузурги ин шаҳр ба муддати се сол маҳрум шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал-Олам”, Яхлиф Салоҳуддин, ки дар сафари ахири Абдурраҳмон Ас-Судайс ба Швейдсария, аз сукути чеҳраҳои динии Арабистон дар муқобили сиёсатҳои давлати Саудӣ, ба вижа ҷиноятҳои ин кишвар дар Яман интиқод карда буд, бо муҷозоти се сол маҳрумият аз вуруд ба масҷиди бузурги Женева рӯбарӯ шудааст.

Ин фаъоли ҳуқуқи башарӣ, ки дар яке аз муассисаҳои фарҳангии исломӣ дар шаҳри Женева кор мекунад, бо интиқод аз ин ҳукм гуфт, ки саудиҳо масҷиди бузурги Женеваро сафорати дувуми худ дар Швейдсария медонанд.

Бар асоси ин гузориш, замоне ки Яхлиф Салоҳуддин барои адои намоз вориди масҷиди бузурги Женева шуда буд, коркунони масҷид ба ӯ иттилоъ доданд, ки ба муддати се сол аз хондани намоз дар ин макон маҳрум аст ва ин замон қобили тамдид аст.

Ин фаъоли алҷазоирӣ бо интиқод аз ин ҳукме, ки барои ӯ содир шудааст, гуфт, ки вайро ба эҷоди нооромӣ дар масҷиде муттаҳам кардаанд, дар ҳоле, ки ӯ танҳо аз хатиби арабистонӣ ин суолро пурсид, ки Амрико ва Арабистон чӣ тавр метавонанд ҷаҳонро ба самти оромиш ва сулҳ ҳидоят кунанд?

Яхлиф гуфт, ки Ас-Судайс ҳақ надорад дар Масҷидулҳаром суханронӣ кунад, дар ҳоле ки фатвои қатли мардуми Яманро содир мекунад.

Ҷамъе аз мусалмонони муқими Швейдсария дар сафари ахири Ас-Судайс ба ин кишвар, аз иқтидо ба ӯ барои хондани намоз дар масҷиди бузурги Женева худдорӣ карданд.