Июл 23, 2018 11:13 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъули ҳамла ба корвони генерал Дӯстум

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамла ба корвони генерал Абдуррашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон дар Кобулро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши Ирна, Вазорати беҳдошти Афғонистон эълом кард, дар инфиҷори террористии асри якшанбе, ки пас аз вуруди генерал Абдуррашид Дӯстум, муовини аввали Ашраф Ғанӣ дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Кобул рӯй дод, 11 нафар кушта ва 50 нафари дигар захмӣ шуданд.

Генерал Дӯстум пас аз 14 моҳи табъид (бадарға)-и ғайрирасмӣ дар Туркия, баъд аз зӯҳри якшанбе ба Афғонистон бозгашт ва дар фурудгоҳи Кобул бо истиқболи гарми мақомоти баландпояи давлатӣ, намояндагони маҷлис, раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва мардум қарор гирифт.

Ин инфиҷор дар ҳоле рӯй дод, ки Кобул дар остонаи вуруди генерал Абдуррашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ба пойтахт, таҳти тадобири шадиди амниятӣ қарор дошт.