Эҳтимоли барқасдона будани оташсӯзии маргбор дар Юнон
Давлати Юнон мегӯяд оташсӯзии ахир дар ҷанглҳои наздики пойтахти ин кишвар, ки ҷони 83 танро гирифт, эҳтимолан маншаи ҳадафманд ва муҷримона доштааст.
Ба гузориши Евронюс, Николас Тоскас, вазири дифои ғайринизомии Юнон дар ҷамъи хабарнигорон эълом кард, далелҳо ва нишонаҳои муҳиме ба даст омадааст, ки аз иқдомоте барои эҷоди оташсӯзии барқасдона дар ин кишвар ҳикоят дорад.
Тоскас афзуд: Ин далелҳо нишон медиҳанд, ки иқдомоти ҷинояткоронае барои оташсӯзии ҳадафманд анҷом шудааст.
Оташсӯзӣ дар ҷанглҳои атрофи Афина 23 июл оғоз шуд ва ба суръат минтақаи гардишгари Матиро дар ҳудуди 30 километрии шарқи Афина фаро гирифт.
Дар ин оташсӯзӣ, даҳҳо нафар, ки қасд доштанд бо худравҳояшон аз минтақа фирор кунанд, тӯъмаи шӯълаҳои оташ шуданд.
Бар асос гузориши пулиси Юнон, чанд оташсӯзии ҳамзамон дар се маҳали мухталиф рӯй дода ва таҳқиқот барои кашфи чигунагии моҷаро ва низ ҷустуҷӯи нопадидшудагон идома дорад.
Охирин оморҳо аз марги 83 тан дар ин оташсӯзии бесобиқа ҳикоят дорад, аммо мақомоти юнонӣ эҳтимол медиҳанд шумори қурбониён афзоиш ёбад.