Июл 28, 2018 13:11 Asia/Dushanbe
  • Намоиши аксе аз Путин дар Конгресси Колорадо ба ҷойи Трамп

Як фарди ношинос акси Путинро бар рӯйи як сепоя дар канори деворе қарор дод, ки вижаи аксҳои наққошишуда аз чеҳраҳои раисони ҷумҳурии Амрикост.

Фарде дар сохтмони Конгресси Колорадо, дар ҷое, ки бояд тоблуе аз Трамп қарор мегирифт, акси Путинро насб кард.

Ба гуфтаи яке аз кормандони шабакаи Эн Би Си, пас аз муддати кӯтоҳе як роҳнамои тур ин аксро бардошт, аммо пеш аз он як сенатор аксе аз он саҳнаро дар Твиттер ба намоиш гузошт.

Ҷое ки барои тоблуи Трамп дар назар гирифта шуда буд, холӣ монда буд, зеро гурӯҳе аз шаҳрвандони Колорадо, ки масъули ҷамъоварии кумакҳои молӣ барои таҳияи тоблуҳое аз чеҳраи наққошишудаи раисони ҷумҳур ва қарор додани онҳо дар конгресс ҳастанд, натавониста буданд пули кофӣ барои таҳияи тоблуе аз чеҳраи Трамп ҷамъоварӣ кунанд.

Чунин тоблуе даҳ ҳазор доллар ҳазина дорад.

Ин гурӯҳ гуфтанд, то кунун тавониста буданд зарфи муддати чаҳор моҳ пули кофӣ барои тоблуи наққошишуда аз раисони ҷумҳурии дигар ҷамъоварӣ кунанд, аммо ин бор чунин иттифоқе науфтод.