Вокуниши Эрдуғон ба таҳдидоти масеҳиёни ифротӣ ва саҳюнистҳои Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37042-Вокуниши_Эрдуғон_ба_таҳдидоти_масеҳиёни_ифротӣ_ва_саҳюнистҳои_Амрико
Раисҷумҳури Туркия гуфт: Касе, ки моро таҳдид кунад, чизе ба даст намеоварад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 01, 2018 17:28 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрдуғон ба таҳдидоти масеҳиёни ифротӣ ва саҳюнистҳои Амрико

Раисҷумҳури Туркия гуфт: Касе, ки моро таҳдид кунад, чизе ба даст намеоварад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар вокуниш ба таҳдиди Амрико ба таҳрими Туркия гуфт: “Мо дар НАТО ба ҳамроҳи Амрико беҳтарин кумакҳоро ба ин ниҳод доштаем. Дар ҷанги корея ба ҳамроҳи онҳо ҳузур доштаем ва ин таҳдидот барои Туркияе, ки дар болотарин сатҳ аз НАТО ҳимоят карда, аслан муносиб нест ва мо бо таҳдид ба касе имтиёз ва подош намедиҳем”.

Пас аз маҳкум шудани Андреа Бронсон, кашиши масеҳӣ дар Туркия ба ҳабси хонагӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ, мақомоти амрикоӣ Туркияро таҳдид ба таҳрим карданд.