Август 01, 2018 21:10 Asia/Dushanbe
  • Нақшаи Арабистон ва Иморот барои ҳамла ба Қатар ва ишғоли Доҳа

Пойгоҳи Интерсет ба нақл аз манобеи огоҳ навишта, тобистони 2017 Арабистон ва Иморот дар остонаи иқдоми низомӣ алайҳи Қатар ва ишғоли Доҳа қарор доштанд.  

Пойгоҳи Интерсет навишт, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар тобистони 2017 ҳамзамон бо оғози муҳосираи Қатар, дар остонаи иқдоми низомӣ алайҳи ин кишвар қарор доштанд, аммо Рекс Тиллерсон, вазири хориҷаи вақти Амрико бо ин иқдом мухолифат кардааст.

Мухолифати Тиллерсон бо иқдоми низомӣ алайҳи Қатар аз ҷумлаи авомили нохурсандии Риёзу Абудабӣ аз ӯ буд, ки талоши онҳоро барои барканории вазири хориҷаи вақти Амрико дар пай дошт.