Август 07, 2018 16:49 Asia/Dushanbe
  • Аврупо ҳомии ширкатҳои фаъол дар Эрон

Вазири хориҷаи Олмон таъкид кард, Берлин ва Иттиҳодияи Аврупо аз ширкатҳои аврупоии фаъол дар Эрон ҳимоят мекунанд.

Ҳайко Маас, вазири хориҷаи Олмон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи олмонии westfälische rundschau гуфт, ба ширкатҳои аврупоии фаъол дар Эрон дар заминаи ҳимоят аз онҳо дар баробари таҳримҳои Амрико ва паёмадҳои он итминон дода мешавад.

Вазорати иқтисоди Олмон низ бо судури баёнияе эълом кард, давлати Олмон ҳамчунон ба додани тазмини содирот ва сармоягузорӣ дар Эрон барои ширкатҳои олмонӣ идома медиҳад.

 

Барчасп