Август 08, 2018 11:55 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шикояти мардуми Афғонистон аз ҷиноёти ДИИШ

Волии Ҷузҷон, дар шимоли Афғонистон аз сабти беш аз сад шикоят аз ҷиноёти террористҳои ДИИШ дар ин вилоят хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Лутфуллоҳ Азизӣ гуфт, беш аз 300 нафар аз сокинони вилояти Ҷузҷон бо ҳузур дар дафтари устондорӣ аз ҷиноёти гурӯҳи террористии ДИИШ шикоят карданд ва беш аз сад шикояти расмӣ сабт шудааст.

Вай афзуд, ин шикоёт шомил қатл, дуздӣ, ғорат, таҳдид, латукӯб ва анҷоми амалиёти харобкорона ва террористӣ аст.

Дар ҳамин робита, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷрои давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон дар нишасти ҳайати давлати ин кишвар гуфт, ҷиноёти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон пайгирӣ хоҳад шуд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон ҷиноёти фаровонеро муртакиб шудааст. Ин дар ҳолест, ки манобеи хабарии афғон борҳо аз ҳимояти молӣ ва таслиҳотии Амрико аз гурӯҳи террористии ДИИШ хабар додаанд.

 

 

Барчасп