Сентябр 07, 2016 14:51 Asia/Dushanbe
  • Баргузор шудани нишасти Афғонистон дар Туркманистон

Баргузор шудани ҳамоиши "Эътимодсозӣ ва зерсохт‏ҳои минтақаии Афғонистон» дар Ашқобод, пойтахти Туркманистон нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчунон ба таҳаввулоти Афғонистон таваҷҷуҳ дорад ва дар садад аст, бо идомаи кӯмакҳои худ ба пешбурди барномаи созандагии ин кишвар кӯмак кунад.

Дар ин нишаст, ки намояндагони беш аз 13 кишвар ва чандин ниҳоду созмонҳои байналамилалӣ ҳузур доранд, барнома ва замонбандии иҷрои тарҳҳои зербиноии минтақаиро дар иртибот ба Афғонистон барои соли 2017 мавриди баҳсу табодули назар қарор хоҳанд дод. Ин тарҳҳо шомили хутути роҳи оҳани байни Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамҷвор, эҷоди ҷодаи транзитии Туркманистон – Афғонистон - Покистону Ҳинд, бунёди хутути интиқол барқ, тавсеаи ҳамлу нақли ҳавоӣ, баёни саҳму нақши кишварҳои мушорикаткунанда дар ин тарҳҳо ва соири масоили фаннию идорӣ аст.

Баъд аз соли 2001, замони суқути режими Толибон ва истиқрори ниҳодҳои мардумию давлатӣ дар Афғонистон чандин иҷлоси байналамилалӣ дар дохилу хориҷ аз ин кишвар барои кӯмак ба беҳбуди вазъияти иқтисодӣ ва иҷрои тарҳҳои созандагӣ дар Афғонистон баргузор гашт ва миллиардҳо доллар низ ба ҳамин манзур ихтисос ёфт. Бо ин ҳол, чолишҳои тавсеа дар Афғонистон ҳамчунон побарҷост. Адами иҷрои комили қарорҳои иҷлосҳои байналамилалӣ барои кӯмак ба тавсеа ва идомаи ҷангу ноамнӣ дар ин кишвар аз ҷумлаи муҳимтарин чолишҳои фарорӯи барномаи тавсеаи Афғонистон талаққӣ мешаванд.

Ҳукумати Афғонистон борҳо дар мавриди ин ки кишварҳои ғарбӣ ба тааҳҳудоти худ дар қиболи кӯмак ба ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва созандагии ин кишвар амал намекунанд, интиқод кардааст. Илова бар ин идомаи ҷангу ноамнӣ низ, ки ҳар рӯз доманаи он дар Афғонистон густариш меёбад, аз муҳимтарин монеа ва чолишҳои пешорӯи тавсеа дар Афғонистон аст. Ҳарчанд то кунун талошҳои зиёде барои ҳалли мушкилоти Афғонистон дар сатҳи минтақаӣ ва байналамилалӣ сурат гирифта, аммо ҳамчунон ин кишвар дар бахши омӯзиш, беҳдошт, маскан, роҳҳои иртиботӣ, ҳатто барқарор кардани амният бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ аст, ки муҳимтарин далели идомаи ин вазъият ташдиди ҷангу нооромӣ дар Афғонистон аст.

Бар асоси гузориши Созмони Милал, ҳудуди 11 миллион нафар дар Афғонистон ҳамчунон бесаводанд ва ҳудуди 5 миллион кӯдак низ дар бадтарин шароити зист қарор доранд. Толибон ҳамчунон монеъ аз идомаи фаъолияти мадорис мешавад ва ин дар ҳоле аст, ки пояи ҳар гуна тавсеа дар ҳар кишваре тақвияти низоми омӯзишӣ ва тандурустӣ аст.

Дар ҳар ҳол, аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ, ҳарчанд баргузор шудани иҷлосҳои байналамилалӣ барои кӯмак ба иҷрои тарҳҳои тавсеаи Афғонистон бисёр муҳим ва барои мардуми ин кишвар умедбахш аст, аммо то замоне ки кишварҳои ширкаткунанда дар ин иҷлосҳо чун Амрико ва Покистон, ки аз ҳузуру нуфузи қобили таваҷҷуҳе дар Афғонистон бархурдоранд, барои барқарор кардани сулҳи пойдор дар ин кишвар иқдом накунанд, иҷрои ҳар гуна тарҳи марбут ба зерсохтҳои рушди Афғонистон бисёр душвор ва ҳатто номумкин хоҳад буд.

Дар ҳоли ҳозир муҳимтарин авлавияти Афғонистон пешбурди раванди сулҳи ин кишвар ва поён додан ба даргириҳову нооромиҳои дохилӣ аст ва мардуми Афғонистон интизор доранд, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канори иҷлосҳои байналамилалӣ барои кӯмак ба тавсеаи ин кишвар, ки дар навъи худ муҳим аст, гоми асосӣ ва таъсиргузор низ барои барқарор кардани амният ва муваффақияти барномаи сулҳталбонаи Ҳукумати Ваҳдати Миллии Афғонистон мебардоранд.