Август 14, 2018 13:50 Asia/Dushanbe
  • Эътирози мардуми Кобул ба суқути эҳтимолии шаҳри Ғазнӣ

Дар остонаи баргузории интихоботи Маҷлиси миллӣ ва шӯроҳои вилоятӣ дар Афғонистон, ноамнӣ ва хушунат дар вилоёти мухталифи ин кишвар афзоиш ёфтааст. Ба ҳамин далел, садҳо тан аз мардуми Кобул аз бетаваҷҷуҳии давлати Ашраф Ғанӣ дар хусуси эҳтимоли суқути шаҳри Ғазнӣ тазоҳурот карданд.

Муътаризон бо ибрози нигаронӣ аз вахомати авзои амниятии вилояти Ғазнӣ, муқовимат ва муқобилаи нерӯҳои амниятӣ дар баробари ҳамалоти Толибон дар ин вилоятро хостор шуданд. Даргириҳо дар вилояти Ғазнӣ дар ҳоле чаҳорумин рӯзи худро пушти сар гузошт, ки гуфта мешавад, давлати Афғонистон дар маҳори ҳамалоти Толибон ноком будааст.

Бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти ҷуғрофиёии вилояти Ғазнӣ, ки наздик ба Кобул - пойтахти Афғонистон ва роҳи убурии ин шаҳр бо вилоёти ҷанубӣ ва шимоли шарқии ин кишвар аст, суқути он аз сӯйи Толибон бисёр муҳим ва тааммулбарангез аст. Бархе маҳофил дар Афғонистон бар ин эътиқоданд, ки суқути эҳтимолии Ғазнӣ ба маънои иҷрои тарҳи Амрико дар бораи вогузории бархе манотиқ ба Толибон аст ва контроли Ғазнӣ аз сӯйи ин гурӯҳ ба маънои тасаллути он бар Кобул ва роҳҳои иртиботии пойтахт бо дигар шаҳрҳо аст.

Амрико ахиран аз давлати Афғонистон хост, бо ақибнишинии нерӯҳои артиши ин кишвар, бархе манотиқ ба Толибон вогузор шавад. Агарчӣ гуфта мешавад, нерӯҳои артиши Афғонистон дар ҳоли муқовимат дар Ғазнӣ ҳастанд, аммо намоиши қудрати ин гурӯҳ дар канори пойтахт барои мардуми Афғонистон нигаронкунанда аст. Илова бар ин, бархе маҳофили сиёсӣ дар Афғонистон ташдиди хушунатҳо дар ин кишварро дар ростои талошҳои бархе ҷараёнҳои давлатӣ барои муҳандисии интихоботи ояндаи Маҷлиси миллӣ ва шӯроҳои вилоятӣ медонанд.

Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини раиси иҷроии давлати Афғонистон далели бетаваҷҷуҳии давлати Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии ин кишвар ба норомиҳои ахири ин кишварро талош барои сомондеҳии тақаллуб ва муҳандисӣ кардани интихоботи оянда эълом кард. Ба гуфтаи вай, бо вуҷуди ҳушдорҳои амниятӣ дар мавриди вазъияти Ғазнӣ ва тасарруфи шаҳристонҳои Қарабоғ, Ҷиғату ва Хоҷа Умарӣ аз сӯйи Толибон, давлат ҳамчунон нисбат ба инҳо бетафовут аст, ки баёнгари ҳаракати ҳисобшуда дар мавриди таҳаввулоти амниятии Афғонистон аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ҷиноҳбандиҳо ва ташкили эътилофҳои сиёсӣ дар Афғонистон, бархе аз ҷараёнҳои сиёсӣ дар ин кишвар бар ин эътиқоданд, ки ҷиноҳи давлатӣ бо ҳимоятҳои Гулбидин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломӣ дар садад аст, бо тақвияти мавқеияти Толибон дар Афғонистон, ки дар ҳоли музокироти пинҳонӣ бо Амрико низ ҳаст, имтиёзоти қобили таваҷҷуҳе насиби ин гурӯҳ шавад ва ин вазъият метавонад мавқеияти паштунҳоро дар сохторҳои сиёсӣ ва амниятии Афғонистон беш аз пеш тақвият намояд. Ҳамлаи Толибон ба Ғазнӣ, ки чанд соат бештар бо Кобул фосила надорад, баёнгари бозии бузурге аст, ки аз сӯйи Амрико ва дар ҳамоҳангии пинҳон бо Толибон саҳнагардонӣ мешавад.

Чаманшоҳ Эътимодӣ, намояндаи мардуми Ғазнӣ дар Маҷлиси миллии Афғонистон мегӯяд, бисёре аз манотиқи шаҳри Ғазнӣ дар контроли Толибон қарор дорад ва фақат бархе марокизи низомӣ дар ихтиёри нерӯҳои давлатӣ аст ва артиш бояд қотеонатар амал кунад.

Дар ҳар ҳол, ҳимояти ҳамаи ҷараёнҳои сиёсӣ ва қавмӣ дар Афғонистон аз пешбурди раванди сулҳ бо гурӯҳи Толибон ба маънои шиносоӣ ва пазириши он ба унвони як воқеияти ҷомеаи Афғонистон аст. Дар ин шароит музокироти пинҳонии Толибон бо Амрико ва барномаҳои машкуки давлати Афғонистон барои вогузории ҷуғрофиё ба Толибон дар наздикии пойтахт ба ин гурӯҳ, аз дидгоҳи мухолифон метавонад паёмадҳои хатарноке ба дунбол дошта бошад. Ин вазъият ба маънои бозгашти Афғонистон ба даврони қавмгароӣ ва афтодан дар вартаи ҷангҳои дохилӣ аст, ки мардуми Кобул низ бо баргузории тазоҳуроти густурда дар мавриди буруз ва паёмадҳои он ҳушдор додаанд.

 

 

Барчасп