Август 15, 2018 16:35 Asia/Dushanbe
  • Талоши Амрико барои роҳ андохтани ҷангҳои фазоӣ

Амрико дар идомаи сиёсатҳои ҷангталбонаи худ қасд дорад, ҷангҳои ояндаро ба фазо бикашад.

Ҷемз Матис, вазири дифои Амрико дар ҷамъи афсарони низомӣ ва ғайринизомиён дар донишкадаи низомии Бразилия гуфт, ташкили нерӯи фазоии Амрико барои муҳофизат аз моҳвораҳои ин кишвар дар баробари ҳамалоти Русия ва Чин лозим ва зарурӣ аст.

Вай ин изҳоротро чанд рӯз пас аз он матраҳ кард, ки Майк Пенс, муовини раисҷумҳури Амрико барномаҳоеро барои эҷоди нерӯи фазоӣ ба унвони шашумин шохаи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ва бо ҳадафи тазмини султаи Амрико бар фазо эълом кард.