Август 16, 2018 12:31 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Маскав ба будҷаи низомии ҷадиди Амрико

Будҷаи низомии соли 2019 - и Амрико, ки бо рақами бесобиқаи 716 миллиард доллар ахиран ба имзои Доналд Трамп, раиси ҷамҳурии Амрико расид, вокунишҳоеро дар сатҳи байналмилалӣ барангехтааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Вашингтон дар стратегияи амнияти миллии ҷадиди худ бо сароҳат аз Русия ба унвони душман ва таҳдиди бузург ёд кардааст, аз ин рӯ Маскав бо ҳассосият таҳаввулоти низомӣ ва амниятии Амрико, аз ҷумла тасвиби будҷаи низомии ҷадиди ин кишварро дунбол мекунад.

Дар ин росто Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе будҷаи низомии ҷадиди Амрикоро намоди султагарии низомии Вашингтон дар ҷаҳон донист.

Захарова таъкид кард, будҷаи дифои миллии 2019, ки тавассути Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико имзо шуд, баёнгари сиёсати султагаронаи Вашингтон дар арсаи ҷаҳонӣ аз мавзеи қудрат аст.

Трамп асосан рӯйкарде сахтафзорӣ дар арсаи масоили байналмилалӣ дар пеш гирифта, ки ин рӯйкард ҳаммаъно бо авлавияти истифода аз қудрати низомӣ барои расидан ба аҳдофи хориҷӣ аст.

Дар айни ҳол, сиёсати хориҷии Трамп ба таври ошкор асосёфта бар якҷонибагароӣ аст, ки ин ба мафҳуми бозгашти Амрико ба давраи Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳурии собиқи ин кишвар аст, ки ба баҳонаи муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризм, дар даҳаи аввали қарни бистуякум ба мудохилаи низомӣ дар Афғонистон ва Ироқ иқдом кард. Албатта, якҷонибагароии Трамп илова бар ҷанбаи низомӣ ва амниятӣ, ки ба сурати ифои нақши полиси ҷаҳонӣ бо амру наҳйи мустақим ба дигар кишварҳо намуд пайдо кардааст, абъоди дигаре низ дорад. Дар ин росто Амрико ба корбурди қудрати нимасахт, яъне қудрати иқтисодӣ дар қолаби эъмоли таҳрим алайҳи дигар кишварҳо рӯ овардааст.

 Бо ин ҳол, ҳанӯз қудрати низомӣ ва намоиши қудрат барои тарсонидани дигар кишварҳо барои Амрико аз аҳамияти асосӣ дар заминаи дастёбӣ ба аҳдофи хориҷии ин кишвар бархурдор аст, ки бархе маворид он монанди ҳамалоти мушакӣ ба Сурия ва эъзоми новҳои ҳавопаймобар ба атрофи нимҷазираи Корея барои тарсонидани Кореяи Шимолӣ аз мавориди қобили таваҷҷуҳи он дар давраи зимомдории Трамп маҳсуб мешаванд. Зимни ин ки афзоиши будҷаи низомии Амрико дар ростои манофеи саноат ва ширкатҳои таслиҳотии ин кишвар анҷом мешавад.

Андрей Фролов, коршиноси маркази арзёбии роҳбурдӣ ва фанноварии Русия мегӯяд, муҷтамаъҳои низомии-санъатии Амрико ҳамвора дар қаламрави назорати ҷумҳурихоҳон қарор дошта ва Трамп бо ихтисоси чунин будҷае ризояти онҳоро ҷалб кардааст.

Дар айни ҳол, дар асноди низомӣ ва амниятии калони Амрико монанди стратегияи амнияти миллӣ, стратегияи дифои миллӣ ва докторинаи ҷадиди ҳастаии Амрико, ҳамвора аз Русия ба ҳайси бузургтарин таҳдид алайҳи Иёлоти Муттаҳида ва низ таҳдиди ҳастаии шумораи як ёд шудааст.

Вашингтон дар навбати аввал Русия ва дар мартабаи баъдӣ Чинро ба унвони душманон ва таҳдидоти аслии амниятии худ талаққӣ мекунад ва табиатан афзоиши будҷаи низомӣ низ бо ҳадафи муқобила бо онҳо сурат мегирад. Ҳамчунон, ки ҷудо шудани будҷаи калон барои навсозии таслиҳоти ҳастаӣ ва низ эҷоди нерӯи фазоӣ дар ростои муқобила бо таҳдидоти ҳастаӣ ва фазоии Маскав ва Пекин анҷом шудааст.

Сергей Рябоков, муовини вазири умури хориҷаи Русия изҳор дошт, Маскав нигарони ҷудо шудани будҷаи молии бесобиқа барои аҳдофи низомии Амрико аст ва қабл аз чораандешии лозим дар ин бора, санади будҷаи низомии соли 2019 - ро бо диққат таҷзия ва таҳлил хоҳад кард.

Дар маҷмуъ метавон тасвиби будҷаи низомии ҷадиди Амрикоро нишондиҳандаи идомаи рӯйкарди Кохи Сафед барои пайгирии аҳдофи минтақаӣ ва ҷаҳонии Амрико аз тариқи қудрати сахт, яъне қудрати низомӣ ва истифода аз зӯр (force) донист. Ин масъала нигарониҳои зиёдеро дар сатҳи байналмилалӣ дар заминаи иқдомоти ояндаи Амрико барои бесуботсозӣ ва барҳам задани назми ҷаҳонӣ барангехтааст.

 

Барчасп