Маҳкумияти ҳамлаи мусаллаҳона ба ду масҷид дар Британия + видео
(last modified Sat, 18 Aug 2018 09:45:28 GMT )
Август 18, 2018 14:45 Asia/Dushanbe

Ниҳодҳои исломии Британия ҳамлаи афроди ношинос ба ду масҷид дар минтақаи Бирмингами Британияро маҳкум карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, ниҳодҳои исломии Британия рӯзи ҷумъа зимни маҳкум кардани ин ҳамалот, аз полис ва мақомоти ин кишвар хостанд, ҳифозати бештаре аз масҷидҳо ва марказҳои исломии Британия ба амал оваранд.

Бархе гурӯҳҳои исломӣ мегӯянд, ҳамлаи афроди ношинос ба ду масҷид дар минтақаи Бирмингам эҳтимолан ба ҳамлаи террористии ахири минтақаи Уестминстер, ки мунҷар ба захмӣ шудани чанд шаҳрванд шудааст, низ иртибот дорад.

Теъдоде афроди ношинос панҷшанбешаб дар замони баргузории намози мағриб ва ишо ба ду масҷиди “Алҳиҷра” ва “Қамарулислом” дар Бирмингами Британия ҳамла карданд ва ба он хисороте ворид карданд.

Бар асоси ин гузориш, сочмаҳои партобшуда бо истифода аз тири камон боиси шикастани панҷараҳои ин масҷидҳо шуд.

Полиси Бирмингам ду масҷиди “Алҳиҷра” ва “Қамарулислом” - ро таҳти ҳифозат қарор дода ва таҳқиқот дар ин заминаро оғоз кардааст.

Омилини ин ҳамла ҳанӯз дастгир нашудаанд.

Исломҳаросӣ дар Британия абъоди навзуҳуре пайдо карда ва аз таъйини рӯз барои танбеҳи мусалмонон то асидпошӣ, бардоштани ҳиҷоб ва бомбагузорӣ дар масҷидҳоро шомил мешавад. Ба тавре, ки ин ҳамалот дар соли 2018 нисбат ба соли қабл 40 дарсад афзоиш ёфтааст.