Август 19, 2018 13:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор ва ибрози нигаронӣ аз қасди Толибон барои ҳамла ба Кобул

Узви аршади эътилофи бузурги миллии Афғонистон ҳушдор дод, Толибон қасди амалиёти густурда дар шаҳри Кобул, пойтахти ин кишварро дорад.

Ба гузориши хабаргузории Ово, Аҳмад Зиё Масъуд бо ибрози нигаронӣ аз ин мавзӯъ афзуд, Толибон омодаи ҳамла ба шаҳри Кобул аст ва давлати Ашраф Ғанӣ низ аз ин мавзӯ огоҳ аст, аммо ҳеҷ иқдоме анҷом намедиҳад.

Толибон дар чанд моҳи гузашта борҳо марокизи низомӣ, амниятӣ ва пойгоҳҳои артиши Афғонистон дар Кобул ва бархе дигар аз вилоёти мухталифи ин кишварро ҳадафи ҳамла қарор дода, ки тайи он, садҳо нафар аз низомиён кушта ва захмӣ шудаанд.

Аз сӯи дигар гурӯҳе аз нухбагони мазҳабии афғон пас аз ҳамалоти маргбори рӯзҳои ахир, ки даҳҳо кушта бар ҷо гузошт, аз давлат ва Толибон хостанд, дар остонаи иди Қурбон оташбас эълом кунанд.

Иқдомоти шибҳи низомиёни Толибон дар Афғонистон дар саросари ин кишвар боиси кушта шудани садҳо тан дар як ҳафта пеш аз иди Қурбон шудааст.

Бар асоси натоиҷи як назарсанҷӣ, 90 дарсад мардуми Афғонистон хостори оташбас ва поёни ҷанг ҳастанд.

Пештар давлати Афғонистон ба муносиби Иди саид Фитр бо гурӯҳи Толибон оташбас барқарор карда буд.